Номзадҳо ба вакилӣ аз ҲКТ гаравпулиро аз кисаи худ мепардозанд

Date:



Номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) маблағи гаравпулии интихоботӣ, ки ба ҳар кадоме аз номзадҳо 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз ҳисоби худ пардохт мекунанд.

Котиби ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки сабаби чунин тасмимгирӣ мушкилоти ҷиддии молӣ мебошад, ки айни замон ҲКТ ба он мувоҷеҳ аст.

«Айни замон барномаи пешазинтихоботии ҳизб қариб пурра омода гардида, ҷараёни интихоби вакилон ба анҷумани пеш аз интихоботи ҲКТ санаи 27-уми декабр дар Душанбе дар арафаи анҷомёбист», – иброз дошт котиби ҲКТ.

Ӯ ҳамчуннин таъкид дошт, ки тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, тибқи рӯйхати ҳизбии ҲКТ 10 нафар номзадҳо ба вакилӣ пешбарӣ шуда, боз 7 нафар номзадҳои аз ҷониби коммунистон пешбаришуда барои курсии вакилӣ дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ рақобат хоҳанд кард. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related