Тоҷикистон иқтидори нерӯгоҳи Қайроққумро афзуданист

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум баррасии масъалаи тасдиқи Созишномаи кафолатӣ байни ҶТ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), Созишномаи грантӣ байни ҶТ, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР, Созишномаи қарзӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР ва Созишномаи қарзии имтиёзнок байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР оид ба […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум баррасии масъалаи тасдиқи Созишномаи кафолатӣ байни ҶТ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), Созишномаи грантӣ байни ҶТ, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР, Созишномаи қарзӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР ва Созишномаи қарзии имтиёзнок байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» дар назар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумон хабар дод, воситаҳои қарзии БАТР ба барқарорсозӣ ва таҷдиди таҷҳизоти гидромеханикӣ ва электромеханикии нерӯгоҳи амалкунандаи Қайроққум ва афзоиши иқтидори нерӯгоҳ аз 126 МВт то ба 174 МВт тариқи насби турбинаи иқтидораи номиналиаш бештар равона мегарданд.

«Амалисозии лоиҳа ба беҳбуди сатҳи бехатарии нерӯгоҳ, сарбанд ва обанбор ва таҳкими устувории нерӯгоҳ дар муқобили оқибатҳои номусоидии тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад. Лоиҳа дар ду марҳила бо сармоягузорӣ дар ҳаҷми умумии ҳудуди 157 млн. евро амалӣ мешавад. Дар марҳилаи аввал, аз ҷониби БАТР ҷудо градидани ҳудуди 50 млн. евро қарз дар назар аст», – иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур ҳамроҳ бо Баронмаи санҷишӣ оид ба мутобиқат ба тағйирёбии иқлими Фонди иқлимии сармоягузорӣ, ки бурс дар ҳаҷми 11 млн. доллари ИМА ва 10 млн.  доллари ИМА қарзи имтиёзнокро таъмин мекунанд, маблағгузорӣ мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.