«АксесБонк Тоҷикистон» фоизи пасандозҳои босуръат барои шахсони ҳуқуқиро афзуд

Date:



Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «АксесБонк Тоҷикистон»  қарори худ оид ба тағйир ёфтани фоизҳои пасандозҳои босуръат барои шахсони ҳуқуқиро эълон намуд.

Дар иттилоияи расмии бонк дар ин робита зикр мегардад, ки миқдори фоизҳои пасандозҳои босуръат барои шахсони ҳуқуқӣ бо пули миллӣ аз 13% то 17%  ва бо доллари ИМА аз 8% то 10% солона афзуданд.

«Мизоҷони мо пасандозҳои босуръатро кушода, имконияти хуби таъмини амният ва афзудани арзандаи маблағҳои худро бар бонки аврупоӣ доранд. Суратҳисобро  дар бонки мо кушода, мизоҷон дорои бартариятҳои зерин мешаванд: миқдори фоизи муфид, идоракунии маблағҳо дар суратҳисоби худ, муносибати фардӣ, хизматрасонии баландсифат», – изҳор намудааст мутахассис оиди рушди фуруши ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон»  Ашуралӣ Ашуров.

Гуфта мешавад, инчунин мизоҷон метавонанд аз номгӯи васеъи хизматрасониҳои «АксесБонк Тоҷикистон» истифода баранд: фавран суратхисоби амонатӣ ва пасандозӣ кушоянд, қарзҳои муфидро дарёфт намоянд, аз интиқоли маблағҳо истифода баранд.


Маълумотнома:

«АксесБонк Тоҷикистон» бо чор филиал дар пойтахт ва яктоӣ филиал дар шаҳри Хуҷанд, Турсунзода, Қӯрғонтеппа яке аз таҳвилгарони пешсафи хизматрасониҳои маблағгузории хурди мамлакат маҳсуб меёбад.

Моҳи сентябр дар вилояти Суғд Маркази аввалини хизматрасонии бонкӣ кушода шуд. Имрӯзҳо бонк дорои шабакаи филиалӣ ва кормандони ботаҷриба буда, ба зиёда аз 10 000 мизоҷ хизмат мерасонад. «АксесБонк Тоҷикистон» соли 2009 аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD), Корпоратсияи Байналмиллалии Молия (IFC), Бонки Рушди Олмон (KfW)  ва «AccessHolding» бунёд ёфтааст. Самти асосии фаъолияти бонк – қарздиҳии тиҷорати микро ва хурду миёна мебошад.

Дар тӯли фаъолияти чорсолаи худ бонк дар қисмати қарзӣ нишондодҳои хеле баландро ба даст овард. Моҳи августи соли 2014 маблағи умумии сандуқи қарзии бонк зиёда аз 50 млн. доллари ИМА – ро ташкил дод. Ду сол пеш, баъди гирифтани иҷозатнома барои ҷалби пасандозҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, сандуқи пасандозии  «АксесБонк»  андозаи зиёда аз 3,5 млн. доллари ИМА – ро ташкил дод. Интизор меравад, ки  тамоюли афзоиши устувор дар солҳои наздик нигоҳ дошта мешавад.

2 КОММЕНТАРИИ

  1. фоизхои кредити.

    Ин бисёр хубаст,ки ин бонк дар мудати кутох кредит медихад, лекин фоизхое ки аз дермони ба вучуд меояд нихоят гарон аст. Дар як руз 10-фоиз. Агар маблаги пардохти мохонаат 500 долар бошад, дар як рузи дермони 50 долар мешавад, агар 2-руз дер мони хисоб кун ки 100 долар зиёдати месупори. Андеша кунед, ки оё мешавад, ки дар мудати карз ягон бор дер намони ва лозим ба чунин риск рафта?

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...