Президент тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи амният»-ро ба имзо расонид

Рӯзи 25-уми ноябр аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи амният», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар […]

ASIA-Plus



Рӯзи 25-уми ноябр аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи амният», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», “Дар бораи амнияти озуқаворӣ”, кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо», “Дар бораи гаравхона” ва “Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа” ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Ташкилоти байналмилалии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул, пурзӯр намудани муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин мустаҳкам кардани мавқеи Тоҷикистон дар ин самт равона карда шудаанд.

Тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” бо мақсади таҳкими минбаъдаи иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеа, ҳалли масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои ҳаёти кишвар, мусоидат ба дастгирии давлатии ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи иҷтимоии онҳо равона гардида, ҳамзамон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Шӯрои миллии кор бо ҷавононро пешбинӣ менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.