Зимни суханронии имрӯза назди вакилони палатаи поёнии парлумон раиси ширкати «Барқи тоҷик» Рустам Раҳматзода изҳор намуд, ки мутобиқи реҷаи таҳияшуда, то 1-уми январи соли 2016 ширкат қарзҳои худ дар назди нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2»-ро пурра пардохт мекунад.
Ба гуфтаи вай, ба аввали моҳи ноябр қарзи ширкати «Барқи тоҷик» барои нерӯи барқи дастрасшуда назди ҶСК «НБО Сангтӯда-1» – 418,5 млн. сомонӣ ва назди «НБО Сангтӯда-2» – 165 млн. сомониро ташкил медиҳад.
«Бар асоси реҷаи таҳияшуда, ба суратҳисоби нерӯгоҳи Сантӯда-2 мо ҳар моҳ 5 млн. сомонӣ ва ба суратҳисоби нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳар сол 200 млн. сомонӣ маблағ интиқол медиҳем», – қайд кард Раҳматзода.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки сабаби аслии қарздории хеле зиёди ширкат дар он аст, ки энергохолдинг аз ин нерӯгоҳҳо нерӯи барқро қимат харида, ба истеъмолгарон арзон мефурӯхт. «Масалан, ширкат як киловатт нерӯи барқро аз онҳо 15 дирам харида, ба 11 дирам мефурӯхт», – қайд кард раиси ширкат.
Дар идома ӯ изҳор кард, ки айни замон сатҳи ҷамъоварии пардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ дар кишвар 81,2%-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 60 млн. сомонӣ зиёдтар аст.
Раиси ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ дод, ки тобистони соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 35,4 млн. доллари ИМА ҳудуди 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот кардааст.
Дар робита ба масъалаи пардохти музди меҳнати кормандони ширкат, Рустам Раҳматзода таъкид дошт, ки ин мушкилот то ахири сол комилан ҳаллу фасл мешавад. «Аз ҳаҷми умумии қарз аз музди меҳнат, ки тобистони соли ҷорӣ ба 59,8 млн. сомонӣ баробар буд, айни замон аз маблағи музди меҳнати пардохтнашуда 32 млн. сомонӣ боқӣ монд», – афзуд раиси ширкат.



