Раиси «Барқи тоҷик» сабаби қарздориҳои зиёди ширкатро шарҳ дод

Зимни суханронии имрӯза назди вакилони палатаи поёнии парлумон раиси ширкати «Барқи тоҷик» Рустам Раҳматзода изҳор намуд, ки мутобиқи реҷаи таҳияшуда, то 1-уми январи соли 2016 ширкат қарзҳои худ дар назди нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2»-ро пурра пардохт мекунад. Ба гуфтаи вай, ба аввали моҳи ноябр қарзи ширкати «Барқи тоҷик» барои нерӯи барқи  дастрасшуда назди ҶСК «НБО […]

Аваз Юлдошев



Зимни суханронии имрӯза назди вакилони палатаи поёнии парлумон раиси ширкати «Барқи тоҷик» Рустам Раҳматзода изҳор намуд, ки мутобиқи реҷаи таҳияшуда, то 1-уми январи соли 2016 ширкат қарзҳои худ дар назди нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2»-ро пурра пардохт мекунад.

Ба гуфтаи вай, ба аввали моҳи ноябр қарзи ширкати «Барқи тоҷик» барои нерӯи барқи  дастрасшуда назди ҶСК «НБО Сангтӯда-1» – 418,5 млн. сомонӣ ва назди «НБО Сангтӯда-2» – 165 млн. сомониро ташкил медиҳад.

«Бар асоси реҷаи таҳияшуда, ба суратҳисоби нерӯгоҳи Сантӯда-2 мо ҳар моҳ 5 млн. сомонӣ ва ба суратҳисоби нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳар сол 200 млн. сомонӣ маблағ интиқол медиҳем», – қайд кард Раҳматзода.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки сабаби аслии қарздории хеле зиёди ширкат дар он аст, ки энергохолдинг аз ин нерӯгоҳҳо нерӯи барқро қимат харида, ба истеъмолгарон арзон мефурӯхт. «Масалан, ширкат як киловатт нерӯи барқро аз онҳо 15 дирам харида, ба 11 дирам мефурӯхт», – қайд кард раиси ширкат.

Дар идома ӯ изҳор кард, ки айни замон сатҳи ҷамъоварии пардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ дар кишвар 81,2%-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 60 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ дод, ки тобистони соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 35,4 млн. доллари ИМА ҳудуди 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот кардааст.

Дар робита ба масъалаи пардохти музди меҳнати кормандони ширкат, Рустам Раҳматзода таъкид дошт, ки ин мушкилот то ахири сол комилан ҳаллу фасл мешавад. «Аз ҳаҷми умумии қарз аз музди меҳнат, ки тобистони соли ҷорӣ ба 59,8 млн. сомонӣ баробар буд, айни замон аз маблағи музди меҳнати пардохтнашуда 32 млн. сомонӣ боқӣ монд», – афзуд раиси ширкат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.