Дар Братислава сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия (бо қароргоҳ дар Вена) Исматулло Насрединов Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Словакия Андрей Киска супорид.
Бино ба маълумоти департаменти иттилоооти ВКХ Тоҷикистон, пас аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Президенти Словакия бо сафири Тоҷикистон доир гардид, ки дар оғози он дуруд ва таманниёти неки Президенти оҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Андрей Киска расонида шуд.
Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот масъалаҳои гуногун, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Словакия, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ба роҳ мондани муколамаи мутақобилан судманд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар фароварди сӯҳбат сафири Тоҷикистон Президенти кишвари иқоматро итминон дод, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Словакия ба харҷ хоҳад дод.



