Президенти Словакия сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Дар Братислава сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия (бо қароргоҳ дар Вена) Исматулло Насрединов Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Словакия Андрей Киска супорид. Бино ба маълумоти департаменти иттилоооти ВКХ Тоҷикистон, пас аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Президенти Словакия бо сафири Тоҷикистон доир гардид, ки дар оғози он дуруд ва таманниёти неки Президенти оҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба […]

ASIA-Plus



Дар Братислава сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия (бо қароргоҳ дар Вена) Исматулло Насрединов Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Словакия Андрей Киска супорид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилоооти ВКХ Тоҷикистон, пас аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Президенти Словакия бо сафири Тоҷикистон доир гардид, ки дар оғози он дуруд ва таманниёти неки Президенти оҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Андрей Киска расонида шуд.

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот масъалаҳои гуногун, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Словакия, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ба роҳ мондани муколамаи мутақобилан судманд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фароварди сӯҳбат сафири Тоҷикистон Президенти кишвари иқоматро итминон дод, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Словакия ба харҷ хоҳад дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.