Аъзои Маҷлиси миллӣ бо медалҳои АБП ИДМ сарфароз гардиданд



Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев чанде қабл дар кори иҷлосияи 41-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонӣ (АБП)-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов аз шаҳри Санкт-Петербург хабар дод, дар иҷлосия масоли марбут ба ташкили фазои ягонаи сайёҳӣ дар кишварҳои узви ИДМ, Конвенсияи ИДМ оид ба ҳамкории минтақавӣ ва ҳамчунин қонунҳои қолабии ИДМ баррасӣ шуданд.

«Бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев аъои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Қурбон Убайдулло Абдулло, Иброҳим Абдуллозода ва Қаҳҳор Маҳкамов бо медалҳои АБП ИДМ «Барои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ» сарфароз гардиданд.

spot_imgspot_img

Популярное