Кумаки МТБ ба беҳбуди имконоти содиротии крхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон

Боздиди намояндаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) аз Тоҷикистон, ки бо ҳадафи баҳогузорӣ ба ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон сурат гирифта буд, имрӯз, 28-уми ноябр, бо баргузории як давраи омӯзишие дар шаҳри Душанбе барои намояндагони соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон анҷом пазируфт. Тавре Саидмӯъмин Камолов, раҳбари миллии барномаҳои МТБ хабар дод, ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии […]

ASIA-Plus



Боздиди намояндаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) аз Тоҷикистон, ки бо ҳадафи баҳогузорӣ ба ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон сурат гирифта буд, имрӯз, 28-уми ноябр, бо баргузории як давраи омӯзишие дар шаҳри Душанбе барои намояндагони соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон анҷом пазируфт.

Тавре Саидмӯъмин Камолов,


раҳбари миллии барномаҳои МТБ хабар дод, ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” сурат гирифт. Ин барнома аз ҷониби МТБ амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Муниш Тягӣ, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба соҳаи нассоҷӣ ва ҳамзамон, мушовири аршади ширкати ҳиндии Раҷеш Бҳеда Консалтинг, дар ҷараёни сафараш аз 19-ум то 28-уми ноябр аз бештар аз 10 ширкати нассоҷии Душанбеву Суғду Хатлон дидан кард. Ҳадаф аз ин боздидҳо баҳогузорӣ ба фаъолияти корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон дар самти ресандагӣ, рангрезӣ, ва бофандагӣ буд. Ҷаноби Тягӣ натиҷаҳои аввалияи сафари худро бо тавсияҳои нахустинаш дар ду давраи омӯзишии нимрӯза дар шаҳрҳои Хуҷанд (25-уми ноябр) ва Душанбе (28-уми ноябр) дар миён гузошт. Ин давраҳои омӯзишӣ бо мақсади ёрӣ ба корхонаҳои Тоҷикистон дар беҳтар кардани фаъолияташон ва ҳал кардани масоиле, ки дар ҷараёни кор пеш меояд, тарҳрезӣ шуда буданд.

Ҳангоми боздидҳояш аз корхонаҳо, ҷаноби Тягӣ дар мавриди истифода аз намунаҳои гуногуни фанновариҳо вобаста ба дархост ва ниёзҳои корхонаҳо тавсияҳо ироа намуд. Интизор меравад, ӯ ҷиҳати муваффақияти қадамҳои баъдии корхонаҳои Тоҷикистон дар роҳи беҳтар кардани маҳсулоташон ва вуруд ба бозорҳои нав тавсияҳои муфассалтар пешниҳод бикунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.