Боздошти сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар пойтахт бо миқдори зиёди маводи мухаддир



Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 43-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Мустафо Алоев боздошт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 9 килою 520 грамм маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд.

Гуфта мешавад, дар ин рӯз, ҳамчунин, ҳангоми гузаронидани як чорабинии оперативии дигар дар пойтахт автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи ронанда Маҳмадсаид Бобоеви 26-сола, сокини ноҳияи  Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, боздошт карда шуда. дар вақти азназаргузаронии воситаи нақлиёти мазкур аз бағоҷаш 430 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное