Боздошти сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар пойтахт бо миқдори зиёди маводи мухаддир

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 43-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Мустафо Алоев боздошт шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 9 килою 520 грамм маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд. Гуфта мешавад, […]

ASIA-Plus



Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 43-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Мустафо Алоев боздошт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 9 килою 520 грамм маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд.

Гуфта мешавад, дар ин рӯз, ҳамчунин, ҳангоми гузаронидани як чорабинии оперативии дигар дар пойтахт автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи ронанда Маҳмадсаид Бобоеви 26-сола, сокини ноҳияи  Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, боздошт карда шуда. дар вақти азназаргузаронии воситаи нақлиёти мазкур аз бағоҷаш 430 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.