Таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи хизмати дипломатӣ» дар Тоҷикистон



Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардид, ки дар он лоиҳаи қонун «Дар бораи хизмати дипломатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати омӯзиши ва хулосабароии дақиқ ба кумита ва комиссияҳои дахлдори парлумон фиристода шуд.

«Ғайр аз ин, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон масоили вобаста ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Тоҷикистон»,  масъалаи ба тасдиқи парлумон пешниҳод шудани Созишномаи грантӣ оид ба кӯмаки техникӣ байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба дастгирии Лоиҳаи «Пешгирии гузаштани ВИЧ/СПИД аз модар ба кӯдак дар Тоҷикистон» баррасӣ шуданд», – иброз дошт ӯ.

spot_imgspot_img

Популярное