Таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи хизмати дипломатӣ» дар Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардид, ки дар он лоиҳаи қонун «Дар бораи хизмати дипломатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати омӯзиши ва хулосабароии дақиқ ба кумита ва комиссияҳои […]

ASIA-Plus



Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардид, ки дар он лоиҳаи қонун «Дар бораи хизмати дипломатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати омӯзиши ва хулосабароии дақиқ ба кумита ва комиссияҳои дахлдори парлумон фиристода шуд.

«Ғайр аз ин, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон масоили вобаста ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Тоҷикистон»,  масъалаи ба тасдиқи парлумон пешниҳод шудани Созишномаи грантӣ оид ба кӯмаки техникӣ байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба дастгирии Лоиҳаи «Пешгирии гузаштани ВИЧ/СПИД аз модар ба кӯдак дар Тоҷикистон» баррасӣ шуданд», – иброз дошт ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.