Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср Ёсир Мурод рӯзи 1-уми декабри соли равон дар Қоҳира сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Миср, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Миср дар заминаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, мусоҳибон таъкид намудаанд, ки барои таҳким ва тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар истифодаи муассир аз имкониятҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию фаннӣ зарур мебошад.



