Кумаки ИА баҳри дастгирии ислоҳот дар низоми нафақаи Тоҷикистон

Дар чорчӯбаи лоиҳаи “Таъминот барои дастгирии ислоҳоти низоми нафақа”, Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ таҷҳизоти компютерӣ тӯҳфа кард. Дар иттилоияи расмии намояндагии ИА дар ҶТ дар ин робита зикр мегардад, ки маҷмӯаи таҷҳизот иборат аз ашёи зерин аст: 850 компютери сабук (ноутбук), 115 чопкунаки (принтери) лазерӣ, 3 сервер, […]



Дар чорчӯбаи лоиҳаи “Таъминот барои дастгирии ислоҳоти низоми нафақа”, Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ таҷҳизоти компютерӣ тӯҳфа кард.

Дар иттилоияи расмии намояндагии ИА дар ҶТ дар ин робита зикр мегардад, ки маҷмӯаи таҷҳизот иборат аз ашёи зерин аст: 850 компютери сабук (ноутбук), 115 чопкунаки (принтери) лазерӣ, 3 сервер, 110 манбаъи таъмини доимии барқ (УПС), 4 кондитсионер, 78-то таҷҳизоти ВПН (VPN), васлакҳои шабака ва пайвандкунакҳо. 

Гуфта мешавад, маблағи умумии таҷҳизоти мазкур, ки аз тарафи ширкати “КАНКОМ он лайн ГмбХ” дастрас мегардад,  ба 894 000 евро (тақрибан, 6 млн. сомонӣ) баробар аст.

Зикр мегардад, ки таҷҳизоти компютерии зикршуда бояд ба таҷдиди идоракунии низоми нафақа дар Тоҷикистон мусоидат намояд. Акнун ҷиҳати ҳисоб кардани ҳаҷми нафақаи ҳар як нафар аз рўи пардохти маблағҳои суғуртавияш, мудирияти низоми нафақа системаи нави иттилоотиро дар даст дошта метавонад маълумотҳои заруриро ҷамъ, ҳифз ва коркард бикунад.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи марбут “Кӯмаки техникӣ барои ислоҳоти низоми нафақа дар Тоҷикистон” бо маблағи умумияш 1,5 миллион евро ба ислоҳоти асоси меъёрӣ ва механизми идоракунии низоми нафақа равона карда шуда, то моҳи маи соли 2015 давом хоҳад дошт. Дар оянда ингуна кӯмакҳо дар чорчӯбаи барномаи дуюми серсоҳаи Иттиҳоди Аврупо “Дастгирии рушди инсонӣ” (ба маблағи 30,5 миллион евро барои солҳои 2014-2017) идома дода мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.