Такмили ихтисоси кормандони пулиси Афғонистону Покистон дар АНМН

Имрӯз дар таълимгоҳи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 24 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Агентӣ тренинг дар мавзӯи «Гузаронидани таҳқиқот ва таҳлили махзани маълумот бо истифодаи барномаи махсусгардонидашудаи i2» оғоз гардид. Курсҳои таълимӣ 5 рӯз идома хоҳанд кард. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи […]



Имрӯз дар таълимгоҳи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 24 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Агентӣ тренинг дар мавзӯи «Гузаронидани таҳқиқот ва таҳлили махзани маълумот бо истифодаи барномаи махсусгардонидашудаи i2» оғоз гардид. Курсҳои таълимӣ 5 рӯз идома хоҳанд кард.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, тӯли ин муддат иштирокчиён аз рӯи истифодаи барномаи «Microsoft Office Excel» ҳангоми омода кардани маълумоти оморӣ, «i2» ҳангоми таҳлили гуфтугӯҳои телефонӣ ва «iBase Designer» омӯзиш хоҳанд дид.

Гуфта мешавад, тренинг аз ҷониби дастурдиҳандагони минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ва мушовирони байналмилалӣ аз Аврупо гузаронида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.