Дастури раиси пойтахт ҷиҳати омодагӣ ба пешвози Соли нав

Дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, субъектҳои хоҷагидорӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли […]



Дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, субъектҳои хоҷагидорӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт,  дар ҷаласа ба масъалаҳои омодагии хадамаоти коммуналӣ ва воҳидҳои зертобеъи ширкати «Барпқи тоҷик» ба мавсими зимистон, ҳамчунин ба масъалаи таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

«Роҳбарияти бозорҳои коммуналию хусусӣ ва КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» муваззаф шуданд, ки то 10 декабри соли равон нақшаи захираи маводи озуқавориро барои мавсими зимистонгузоронӣ таъмин созанд ва сохторҳои прокуратураи шаҳрӣ аз натиҷаи фаъолияти анҷомдодаи субъектҳои зикргардида бо роҳандозии санҷиши мутақобила ба раиси шаҳр ахбор манзур намоянд», – қайд мешавад дар маълумоти шаҳрдорӣ.

Гуфта мешавад, барои пешгирии қоидавайронкуниҳо бобати дар ҷойҳои муқарраршуда партофтани партовҳои сахти маишӣ аз ҷониби шахсони хуқуқию воқеӣ Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанберо вазифадор кард, ки дар муҳлати як ҳафта дар тамоми нуқтаҳои партовҷамъкунии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо овезаҳои иттилоотиро баҳри огоҳонии шаҳрвандон аз талаботи қонунгузорӣ ва муҷозоти пешбинишуда нисбати хилофкорон насб намуда, навбатдории ихтиёрони Раёсатро оид ба ҳифзи муҳити шаҳр ба роҳ монад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамзамон дигар масъалаҳои хоҷагидории шаҳр баррасӣ гардида, омодагии шаҳр ба истиқболи анъанавии Соли нави 2015 ва дар ин зимн ташкили кумакҳои иҷтимоии шаҳрдорӣ ба категорияҳои ниёзманд матраҳ карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи анъана қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд сурат гирифт ва дар доираи салоҳияти шаҳрдор муроҷиати ҳар кадоме баррасию қонеъ карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.