Баррасии созишномаи сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирон ба Русия

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Маскав оид ба баррасии лоиҳаҳои созишномаҳо дар бахши муҳоҷират машваратҳои коршиносни Тоҷикистону Русия доир гардид, ки дар он намояндагони мақомоти дахлдори ҳарду кишвар ширкат варзиданд. Сухангӯи намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳайати коршиносони Тоҷикистонро дар машваратҳо муовини вазири меҳнат, […]



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Маскав оид ба баррасии лоиҳаҳои созишномаҳо дар бахши муҳоҷират машваратҳои коршиносни Тоҷикистону Русия доир гардид, ки дар он намояндагони мақомоти дахлдори ҳарду кишвар ширкат варзиданд.

Сухангӯи намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳайати коршиносони Тоҷикистонро дар машваратҳо муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Нурулло Маҳмадуллоев ва ҷониби Русияро сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Хадамоти федералии муҳоҷирати ин кишвар Олег Артамонов роҳбарӣ кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни машваратҳо масоили марбут ба лоиҳаҳои байниҳукуматӣ дар бораи сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия, ҳалли масъалаи иҷозати сафари шаҳрвандони тоҷики вурудашон ба қаламрави ин кишвар манъшуда (реадмиссия) ва Протоколи иҷро оид ба тартиби амалисозии он ва ҳамчунин дигар масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши муҳоҷират баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи натиҷаи машварат санадҳои марбут ба ин масъалаҳо мавриди бозбинӣ қарор гирифта, машваратҳои иловагӣ оид ба баррасии лоиҳаҳои зикршуда нимсолаи аввали соли 2015 баргузор мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.