Бонки осиёгии рушд (БОР) бурс (грант) дар ҳаҷми 54 млн. доллари ИМА баҳри рушд ва беҳбуди таъмини аҳолӣ ва иншооти саноатии Тоҷикистон бо нерӯи барқро маъқул шуморид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БОР, лоиҳа ба коҳиши талафоти барқ тариқи ченкуниву ҳисобу китоби тамоми шабакаи интиқоли барқи шиддати баланд ва миёна ва ҳамчунин тавсеъаи шабакаи интиқоли барқ дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд мусоидат мекунад.
Гуфта мешавад, дар доираи амалисозии лоиҳа ҳудуди 1,1ҳазор адад ҳисобкунакҳои барқ, трансформаторҳои ҷараёни барқ ва шиддатнокӣ ва ҳамчунин низоми баҳисобгирӣ насб гардида, хатти интиқоли барқи нав миёни зеристгоҳҳои Рӯдакӣ ва Айнӣ сохта мешавад.
Зикр мегардад, ки дар лоиҳа ҳамчунин аз бозсозии кунунии сохтори идоракунии ширкати «Барқи тоҷик» низ дастгирӣ мешавад. Ҳуқумати Тоҷикистон ва «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми 13 млн. доллари ИМА мабалғгузории шарикиро таъмин мекунанд. Ширкати «Барқи тоҷик» агентии иҷрокунандаи лоиҳа маҳсуб ёфта, ба итмом расидани амалисозии лоиҳаи мазкур соли 2010 дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии кумаки тасдиқшудаи БОР ба бахши энергетикии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 430 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳои БОР дар ин самт ба таъмиру азнавсозии низомҳои интиқолу тақсими нерӯи барқ, бозсозӣ ва ислоҳоти бахш нигаронида шудаанд.



