Бурси беш аз 50 млн. $-и БОР баҳри рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон

Бонки осиёгии рушд (БОР) бурс (грант) дар ҳаҷми 54 млн. доллари ИМА баҳри рушд ва беҳбуди таъмини аҳолӣ ва иншооти саноатии Тоҷикистон бо нерӯи барқро маъқул шуморид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БОР, лоиҳа ба коҳиши талафоти барқ тариқи ченкуниву ҳисобу китоби тамоми шабакаи интиқоли барқи шиддати баланд ва миёна ва ҳамчунин тавсеъаи шабакаи интиқоли […]

Пайрав Чоршанбиев



Бонки осиёгии рушд (БОР) бурс (грант) дар ҳаҷми 54 млн. доллари ИМА баҳри рушд ва беҳбуди таъмини аҳолӣ ва иншооти саноатии Тоҷикистон бо нерӯи барқро маъқул шуморид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БОР, лоиҳа ба коҳиши талафоти барқ тариқи ченкуниву ҳисобу китоби тамоми шабакаи интиқоли барқи шиддати баланд ва миёна ва ҳамчунин тавсеъаи шабакаи интиқоли барқ дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, дар доираи амалисозии лоиҳа ҳудуди 1,1ҳазор адад ҳисобкунакҳои барқ, трансформаторҳои ҷараёни барқ ва шиддатнокӣ ва ҳамчунин низоми баҳисобгирӣ насб гардида, хатти интиқоли барқи нав миёни зеристгоҳҳои Рӯдакӣ ва Айнӣ сохта мешавад.

Зикр мегардад, ки дар лоиҳа ҳамчунин аз бозсозии кунунии сохтори идоракунии ширкати «Барқи тоҷик» низ дастгирӣ мешавад. Ҳуқумати Тоҷикистон ва «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми 13 млн. доллари ИМА мабалғгузории шарикиро таъмин мекунанд. Ширкати «Барқи тоҷик» агентии иҷрокунандаи лоиҳа маҳсуб ёфта, ба итмом расидани амалисозии лоиҳаи мазкур соли 2010 дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии кумаки тасдиқшудаи БОР ба бахши энергетикии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 430 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳои БОР дар ин самт ба таъмиру азнавсозии низомҳои интиқолу тақсими нерӯи барқ, бозсозӣ ва ислоҳоти бахш нигаронида шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.