Шурӯъ аз 1-уми декабри соли равон Идораи роҳи оҳани Русия ба муддлати як сол ҳаракати қатораҳо ба самти як қатор кишварҳои ИДМ-ро қатъ мекунад.
Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Русия, дар ин давра ҳаракати қатораҳо ба Озарбойҷон, Украина, Қазоқистон ва Тоҷикистон мутаваққиф карда мешавад.
«Қарори қатъи ҳаракати қатораҳо ба ин самтҳо дар доираи тасҳеҳи реҷаи ҳаракат дар солҳои 2014-2015 қабул шуда, ба даромаднокии пасти ҳамлу нақл дар ин хатсайрҳо вобаста аст», – гуфтааст дар ин робита намояндаи Идораи роҳи оҳани Русия.
Ба қавли ӯ, агар қаблан реҷаи нави ҳаракати қатораҳои мусофирбар дар мавсими тобистон ҷорӣ мешуд, акнун ин амал моҳи декабр сурат хоҳад гирифт ва ҳамин тариқ, қарори қатъи ҳаракати қатораҳо ҳадди ақал барои як сол қабул шудааст.
«Аммо хатти реҷаи ҳаракат боқӣ мемонад, яъне дар сурати зарурат қатора барои ҳаракат бо ин самт таъин шуда метавонад, – таъкид доштааст номбурда ва илова кардааст, ки реҷаи ҳаракати қатораҳо ба самти Белорус, Ӯзбекистон, Молдова ва Абхозистон тағйир наёфтааст.



