Боздиди сафири тозатаъини Эрон аз ВКД Тоҷикистон

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафири тозатаъини Эрон дар Тоҷикистон доктор Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ мулоқот кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ инчунин мушовири сафорати Эрон дар Тоҷикистон Саидмуҳсин Рашид-ул-Исломӣ ва вобастаи низомии сафорат Беҳзод Рафеъӣ ширкат доштанд.  Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар самти […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафири тозатаъини Эрон дар Тоҷикистон доктор Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ инчунин мушовири сафорати Эрон дар Тоҷикистон Саидмуҳсин Рашид-ул-Исломӣ ва вобастаи низомии сафорат Беҳзод Рафеъӣ ширкат доштанд. 

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубодилаи ахбор, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва хариду фурӯши ғайриқонунии яроқу аслиҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дурнамои неки муносибатҳои миёни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг боз ҳам қавӣ гардида, ҳамкориҳо дар самтҳои тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими амният минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.