Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафири тозатаъини Эрон дар Тоҷикистон доктор Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ мулоқот кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ инчунин мушовири сафорати Эрон дар Тоҷикистон Саидмуҳсин Рашид-ул-Исломӣ ва вобастаи низомии сафорат Беҳзод Рафеъӣ ширкат доштанд.
Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубодилаи ахбор, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва хариду фурӯши ғайриқонунии яроқу аслиҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дурнамои неки муносибатҳои миёни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг боз ҳам қавӣ гардида, ҳамкориҳо дар самтҳои тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими амният минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.



