Бо супориши вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо комиссияи махсуси ситоди кулли вазорат чанде қабл ба Панҷакент сафарбар шуд.
Тавре котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалив хабар дод, афсарони шомил ба ҳайати комиссия қазияи рухдода бо даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ Саидалӣ Ҳақбердиев рӯзи 4-уми ноябр дар Панҷакентро дар маҳалли ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд.
Ба гуфтаи Маҳмадалиев, хулосаи комиссияи мазкур ба васоити хабори умум пешкаш хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки ба қавли даъватшаванда Саидалӣ Ҳақбердиев ва наздиконаш, ӯ санаи 4-уми ноябр ҳангоми «облава» аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент боздошт ва мавриди лату кӯб қарор гирифта, ҷароҳат бардошта буд.



