Дар остонаи фарорасии Соли нави мелодӣ театрҳои Тоҷикистон ба намоишҳои солинавии худ ҳусни оғоз мебахшанд.
Дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз 10 декабр то 15-уми январ спектакли «Харгӯшаки мағрур» (Зайка-зазнайка)-и Сергей Михалков намоиш дода мешавад.
Театри драмавии ба номи В.Маякровский аз 15 декабр то 13-уми январ тамошобинонро ба спектакли «Принцесса на горошине» (Шоҳдухтар дар нахӯдддона) даъват мекунад.
Аз 16 декабр то 13-уми январ дар Театри лӯхтак кӯдаконро намоишномаи «Дар иҳотаи дӯстон» (В окружении дурзей) бо забонҳои русиву тоҷикӣ интизор аст.
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ рӯзи 30-юми декабр балети Чайковский «Щелкунчик» намоиш дода мешавад. Ин намоишнома бо ташаббуси Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, директори театри опера ва балет Миралӣ Достиев ба саҳна гузошта шудааст.


