Раиси КМИР: Масъулияти ба дӯшамон гузоштаро дарк мекунем

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз аъзои ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, ки аз ҷониби сарвари давлат пешниҳод шуд, ҷонибдорӣ намуд. Ба ҳайси раиси нави КМИР Тоҷикистон ба муҳлати нав ғайриҳизбӣ Шермуҳаммади Шоҳиён интихоб гардида, ба вазифаи муовини ӯ намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саидбой Зокиров тасдиқ шуд. Шахсони зерин ба […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз аъзои ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, ки аз ҷониби сарвари давлат пешниҳод шуд, ҷонибдорӣ намуд.

Ба ҳайси раиси нави КМИР Тоҷикистон ба муҳлати нав ғайриҳизбӣ Шермуҳаммади Шоҳиён интихоб гардида, ба вазифаи муовини ӯ намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саидбой Зокиров тасдиқ шуд.

Шахсони зерин ба аъзогии ҳайати нави КМИР тасдиқ шуданд: аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон – Зиё Раҳмон, аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – Ҷамолиддин Маҳмуд, аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – Вера Наимова, аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – Олим Ёрматов, аз Ҳизби демократи Тоҷикистон – Юсуфбек Шодмонбеков, Аз ҲХДТ – Маҳмадёр Раҷабов ва Муҳистон Азизова ва аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – Муҳаммадборон Зойиров. Ба ҳайати нави КМИР аз ҷониби президент намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон пешниҳод нагардид.

Ғайр аз ин, ба ҳайати КМИР ҶТ шахсони ғайриҳизбии зерин низ шомил гардиданд: Нуралӣ Саидов – котиб-ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, Акбаралӣ Сатторов – раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷамшедов – ҳуқуқшинос, Иззатулло Алиев – муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Муҳаббат Файзова – раиси ҷамоати Оби Киики ноҳияи Хуросон.

Ҳамин тариқ, ҳайати нави КМИР дар муқоиса бо ҳайати кунуниаш усулан тафовут надорад. Танҳо ду нафари нав – Муҳаббат Файзова ва Маҳмадёр Раҷабов ба ҳайати он шомил гардиданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳайати пешинаи КМИР низ намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ҳузур надошт.

Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон раиси КМИР Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён изҳор намуд, ки ҳайати нави КМИР масъулияти ба дӯшаш вогузоршударо ба хубӣ дарк мекунад.

«Мо барои иҷрои талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ ва дастур супоришҳои президенти Тоҷикистон дар робита ба баргузории интихоботи шаффофу демократии ба санаи 1-уми марти соли оянда таъиншуда ҳамаҷониба талош варзида, барои тамоми аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ шароити якхела фароҳам мекунем», – қайд кард Шоҳиён.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...