Ахири ҳафтаи сипаришуда дар вилояти Суғд бо ҷалби наздики 100 нафар ҷавонони синни тодаъватӣ дар қисми низомии 3501-и қушунҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилӣ «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, чорабинии мазкур бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳия ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ созмон дода шуд.
Гуфта мешавад, дар чорабинии мазкур мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов доир ба мақсаду мароми чорабинии мазкур сухан гуфта, қайд намуд, ки яке вазифаҳои асосии насли ҷавонони имрӯза иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ буда, бо даъвати ватан саривақт ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ аст.
Зимнан зикр мегардад, ки ҷавонони синнӣ тодаъватӣ бо шароити хизмати сарбозон, низоми ҳамарӯзаи хизмати ҳарбӣ ва ҳаёти сарбозии онҳо аз наздик шинос шуда, бо онҳо мулоқоти самимӣ анҷом доданд ва ҳамчунин аз ҷониби меҳмонон ба сарбозону афсарони қисми низомӣ 400 адад китобҳои гуногун бадеӣ ва илмию маърифатӣ тақдим карда шуд.



