Баррасии парванда нисбати адвокат Шуҳрат Қудратов, ки тобистони соли равон ба гумони даст доштан дар порадиҳӣ
боздошт шуда буд
, рӯзи 16-уми декабр шурӯъ мешавад. Дар ин бора тариқи шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» адвокати ӯ Раҳматилло Зойиров хабар дод, ки айни замон дар шаҳри Маскав қарор дорад.
Раҳматилло Зойиров дар ин робита изҳор кардааст, ки пас аз бозгашт аз Маскав дар ин хусус муфассалтар маълумот хоҳад дод.
Ёдрас мекунем, ки маводи парвандаи мазкур санаи 20-уми ноябр пас аз баррасӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ
ба суд ирсол шуд.
Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фиристода шуда, сипас ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов мутобиқи қонуни афв, метавонад озод карда шавад.



