Анҷумани ҲХДТ бо иштироки Э.Раҳмон пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад

Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки имрӯз дар маҷмаии «Кохи Ваҳдат» ба кор оғоз намуд, пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад. Ба намояндагони расонаҳои мустақил барои иштирок дар анҷман иҷозат дода нашуда, ҳамаи онҳо интизори ба охир расидани анҷуман ва гуфтугӯ бо иштирокчиёни он мебошанд. Қобили зикр аст, ки анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ бо иштироки пешвои […]

ASIA-Plus



Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки имрӯз дар маҷмаии «Кохи Ваҳдат» ба кор оғоз намуд, пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад. Ба намояндагони расонаҳои мустақил барои иштирок дар анҷман иҷозат дода нашуда, ҳамаи онҳо интизори ба охир расидани анҷуман ва гуфтугӯ бо иштирокчиёни он мебошанд.

Қобили зикр аст, ки анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ бо иштироки пешвои ҳизб, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда истодааст. Маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии ҷумҳурӣ ба санаи 1-уми марти соли 2015 таъин карда шудаанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.