Коммунистони Кӯлоб амалҳои ҷудоиандозӣ дар ҳизбро қотеъона маҳкум карданд

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ва котиби Кумитаи марказии ҳизб Исмоил Талбаков имрӯз дар конфронси пешазинтихоботии бахши ҲКТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ширкат варзиданд, ки дар он масъалаи иштироки ҳизб дар интихоботи парлумонии ба санаи 1-уми март таъиншуда баррасӣ шуд. Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки коммунистони Кӯлоб сурат […]

Аваз Юлдошев



Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ва котиби Кумитаи марказии ҳизб Исмоил Талбаков имрӯз дар конфронси пешазинтихоботии бахши ҲКТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ширкат варзиданд, ки дар он масъалаи иштироки ҳизб дар интихоботи парлумонии ба санаи 1-уми март таъиншуда баррасӣ шуд.

Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки коммунистони Кӯлоб сурат гирифтани амалҳои ҷудоиандозӣ дар сафҳои ҳизбро дар остонаи интихобот қотеъона маҳкум карданд.

Ба гуфтаи ӯ, онҳо аз раҳбарияти ҲКТ талаб намуданд, ки «амалҳои тафриқаандозии бархе аз коммунистон, бахусус дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мавриди баррасии ҷиддии сохторҳои дахлдори ҳизб қарор дода шавад».

Талбаков қайд кард, ки 13 тан аз коммунистони минтақаи Кӯлоб вакилони анҷумани 31-уми пешазинтихоботии ҲКТ, ки санаи 27-уми декабр дар Душанбе доир мегардад. интихоб шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки Шодӣ Шабдолов ба иштирокчиёни пленум дар бораи вазъи ҳаракати ҷаҳонии коммунистӣ маълумот дод.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Исмоил Талбаков дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки мансаби котиби аввали бахши ҲКТ дар вилояти Суғд аз ҷониби нафаре бо номи Абдуҷаббор Аҳмедов

худсарона ишғол шудааст

, ки тайи панҷ-шаш соли ахир ба Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ҳеҷ муносибате надорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.