«Таком»: Гумонбаршуда ба қаллобӣ корманди мо нест

Ширкати «Таком» корманди онҳо будани шахси гумонбаршуда ба қаллобӣ аз ҷониби мақомоти интизомии Суғдро рад кард. Бино ба маълумоти ширкати «Билайн» (ҶДММ «Таком») дар ин робита, онҳо ин маълумоти дар ВАО интишоршударо санҷида, аз рӯйи натиҷаҳои он иттилоъ медиҳанд, ки ин шахс ҳеҷ гоҳ бо ширкат ягон муносибати корие надоштааст. «Маълумот дар бораи бо ҶДММ»Таком» […]

ASIA-Plus



Ширкати «Таком» корманди онҳо будани шахси гумонбаршуда ба қаллобӣ аз ҷониби мақомоти интизомии Суғдро рад кард.

Бино ба маълумоти ширкати «Билайн» (ҶДММ «Таком») дар ин робита, онҳо ин маълумоти дар ВАО интишоршударо санҷида, аз рӯйи натиҷаҳои он иттилоъ медиҳанд, ки ин шахс ҳеҷ гоҳ бо ширкат ягон муносибати корие надоштааст. «Маълумот дар бораи бо ҶДММ»Таком» қарордоди меҳнатӣ доштани М.Л. асоси воқеъӣ надорад», – гуфта мешавад дар маълумоти ширкат.

Ёдрас мекунем, ки

санаи 3-юми декабр

«Азия-Плюс» бо истинод ба маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ дода буд, ки хонандагони синфи 11-ум ариза додаанд, ки дар ҷамоати Хистеварз ду шахси номаълум худро кормандони мақомоти интизомӣ муаррфӣ намуда, маснӯоти тарфгарӣ (пиротехникӣ)-и онҳоро ошкор карданд ва сипас толибимонро ба автомашинаашон шинонида, аз С.А. шиносномаашро гирифтаанд. Дар идома онҳо бо роҳи фиреб барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани наврасон аз онҳо 200 доллари ИМА маблағ талаб карда гирифтаанд.

Манбаъ иттилоъ дода буд, ки дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин амал ду нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – корманди 24-солаи нерӯгоҳи барқи обии «Дӯстии халқҳо» Д.В. ва корманди 25-солаи ширкати мобилии «Билайн» М.Л. боздошт шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.