Анҷумани ҲХДТ 28 номзад ба вакилиро пешбарӣ кард

Имрӯз дар анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо иштироки раиси ҳизб, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 28 нафар номзадҳо ба вакилӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умуиҷумҳуриявӣ пешбарӣ шуданд. Номзади ҷавонтарини ҳизб, корманди дастгоҳи иҷроияи президент Юсуф Маҷидӣ 26 сол дошта, дар садри рӯйхат ёвари президент оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббори Азиз қарор гирифт. […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо иштироки раиси ҳизб, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 28 нафар номзадҳо ба вакилӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умуиҷумҳуриявӣ пешбарӣ шуданд. Номзади ҷавонтарини ҳизб, корманди дастгоҳи иҷроияи президент Юсуф Маҷидӣ 26 сол дошта, дар садри рӯйхат ёвари президент оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббори Азиз қарор гирифт.

Рӯйхати ҳизбии ҲХДТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз шахсони зерин иборат аст:

1. Абдуҷаббори Азиз – ёвари президент оид ба сиёсати кадрҳо.

2. Низом Қосим Пуриҷаҳон – вакили палатаи поёнии парлумон.

3. Хайринисо Юсуфӣ – вакили палатаи поёнии парлумон.

4. Бибидавлат Афзалшоева – вакили палатаи поёнии парлумон.

5. Лутфия Раҷабова – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ.

6. Олимҷон Сафаров – вакили палатаи поёнии парлумон.

7. Амрихудои Дамдор – муовини аввали раиси ВМКБ.

8. Дилрабо Мансурова – ректори Донишкадаи политехникии Хуҷанд дар назди ДТТ.

9. Дилшод Исматуллоев – вакили палатаи поёнии парлумон.

10 – Абдураҳим Холиқзода – раиси Кумита оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҶТ.

11. Гулбаҳор Ашӯрова – директори Маркази солимии репродуктивӣ.

12. Шариф Раҳимзода – вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ.

13. Насиба Содиқова – муовини директори қисми илмии Донишкадаи фалсафаи назди Академияи илмҳои ҶТ.

14. Пӯлод Муҳиддиниён – муовини вазири энергетика ва захирахои оби ҶТ.

15. Қиёмиддин Миралиев – муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ.

16. Ориф Ҳакимов – сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳритӯс.

17. Миралӣ Достиев – директори Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ.

18. Қаноатшо Лоиқов – мушовири Раёсати бехатарии иттилооти Шӯрои амнияти ҶТ.

19. Раҷабмоҳ Бадриддинова – сардори Раёсати Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ҶТ.

20. Исомиддин Ӯроқов – сардори Раёсати иқтисод ва молияи дастгоҳи мақомоти шаҳрдории Душанбе.

21. Ҷамила Саидова – муовини вазири кишоварзии ҶТ.

22. Фирӯза Шарифӣ – сардори Раёсати кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ.

23. Юсуф Маҷидӣ – муовини сардори Раёсати тарҳрезии стратегия ва ислоҳоти дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ.

24. – Ҳусейн Нидоев – сардори дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ.

25. Ҷамила Раҳмонова – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии ДМТ.

26 – Солия Қосимова – муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа.

27 – Абдулло Раҳмонзода – ҳуқуқшиноси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ.

28. Шариф Шарифов – мудири шуъбаи рушди иҷтимоии ҳукумати ноҳияи Зафаробод.

Дар интихоботи гузашта дар садри рӯйхати ҲХДТ муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони даъвати кунунӣ Амиршо Миралиев қарор дошт. Таҷриба гувоҳ аст, ки маъмулан муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумон шахси якуми дар рӯйхати ҳизбии ҲХДТ қарордошта интихоб мешавад. Аз рӯйи ин усул ба эҳтимоли зиёд Абдуҷаббори Азиз ба ин мансаб интихоб шуда, сиёсатмадори муддати тӯлонӣ паҳлӯи президенти ҷумҳурӣ фаъолиятдошта Амиршо Миралиевро иваз мекунад.

Дар кори анҷумани мазкур 1200 нафар, аз ҷумла шахсони воломақом дар арсаи сиёсати кишвар раиси палатаи болоиву поёнии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров, нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва дигарон ҳузур доштанд.

Ба қавли Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар анҷуман ба масъалаи иштироки занону ҷавонон дар ҳаёти сиёсии кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. «Қариб тамоми номзадҳои пешбаришудаи ҳизб унвони илмӣ доранд. «Дар анҷуман президент таъкид дошт, ки дар остонаи интихобот аз номи ӯ таблиғот накунанд, зеро ӯ президенти мардумӣ аст», – иброз дошт номбурда.

Муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборӣ зикр кард, ки дар анҷуман аз вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва мушкилоти занон сухан рафтааст. «Ман бар ин назарам, ки ҳайати нави вакилон ҷиддӣ дар ин самт фаъолият хоҳад кард», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 нафар вакилон иборат аст, ки 22 нафари онҳо тибқи рӯйхатҳои аҳзоби сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 нафар аз ҳавзаҳои интихоботи якмандатӣ интихоб мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.