Сокинони Ғончӣ мушкилоти дастрасӣ ба обро мустақилона ҳал карданд



Бо иқдоми аҳли деҳаи Шоҳони ноҳияи Ғончӣ, ки бештар аз 1700 нафар сокинон истиқомат доранд, мушкилоти оби ошомиданӣ ҳаллӣ худро ёфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, бо ин мақсад сокинон 80 ҳазор доллари ИМА ҷамъоварӣ намуданд. Ҳамзамон бо дастгирии ташкилоти байналхалқии ЮСАИД ба тариқи озмун 50 ҳазор доллари амрикои кӯмак карда шуд.

Гуфта мешавад, ин иқдом дар асоси лоиҳаи идоракунии маҳаллӣ бо якҷоягии Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ амалӣ гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки ба масофаи наздик 2 километр хатти оби нӯшокӣ кашида шуд ва ба 106 хонадони деҳа нуқтаҳои интиқоли об васл гардиданд.

spot_imgspot_img

Популярное