Дар Ҷоми АФК «Истиқлол» ба «гурӯҳи марг» шомил шуд

Дастаи “Истиқлол”-Душанбе, қаҳрамони имсолаи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар, бар асоси қуръакашӣ, ки, санаи 11-уми декабр, дар қароргоҳи АФК (Кофедератсиюни футболи Осиё), дар пойтахти Малайзия – Куала-Лумпур, баргузор шуд, дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи “С” бо тимҳои “Ал-Қодсия”-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми АФК, “Эрбил”-и Ироқ, финалисти мусобиқаи охирини Ҷоми АФК ва ғолиби плей-офф (Умон, Туркманистон ва Қирғизистон) […]

ASIA-Plus



Дастаи “Истиқлол”-Душанбе, қаҳрамони имсолаи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар, бар асоси қуръакашӣ, ки, санаи 11-уми декабр, дар қароргоҳи АФК (Кофедератсиюни футболи Осиё), дар пойтахти Малайзия – Куала-Лумпур, баргузор шуд, дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи “С” бо тимҳои “Ал-Қодсия”-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми АФК, “Эрбил”-и Ироқ, финалисти мусобиқаи охирини Ҷоми АФК ва ғолиби плей-офф (Умон, Туркманистон ва Қирғизистон) рақобат хоҳад кард. Ин гурӯҳро коршиносон “гурӯҳи марг” ном бурдаанд.

Бино ба иттилои дафтари матуботи Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар қуръакашии Ҷоми АФК-2015 намояндагони 41 даста, ки 23 фелератсияи миллиро намояндагӣ карданд, ширкат доштанд. Бозиҳои даври гурӯҳӣ аз 24-уми феврал то 13-уми май баргузор мешаванд.

Дар Ҷоми АФК-2015 Тоҷикистонро ба ҷуз  «Истиқлол», дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, барандаи меалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, намояндагӣ мекунад.

«Истиқлол» ба сабқат аз даври гурӯҳӣ, «Хайр» бошад, аз даври плей-офф шурӯъ хоҳад кард. Ба «Хайр» барои он ки ба даври гурӯҳӣ роҳ ёбад, ду ғалаба ба даст овардан зарур аст.

Дар даври интихобӣ рақиби «Хайр» қаҳрамони Бангладеш – бошгоҳи «ШайхРассел» – мебошад. Ин бозӣ 10-уми феврали соли оянда дар Варзишгоҳи марказии шаҳриДушанбе баргузор мешавад. Дар мавриди пирӯзӣ, ”Хайр” дар даври севум ва ҳалкунандаи интихобӣ 17-уми феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон-2014 – бошгоҳи «Салом Ҷҳарта»- рақобат хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.