Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ

Намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии кмарбандӣ, ки миёни писарону духтарони наврас (15-17-сола) имрӯз дар деҳаи Тюлячии Тотористон оғоз гардид, ширкат меварзанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа, ки то 16-уми декабр идома меёбад, варзишгарони Қазоқистон, Украина, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон, Сербия, Арманистон, Гурҷистон, Эрон ва […]

ASIA-Plus



Намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии кмарбандӣ, ки миёни писарону духтарони наврас (15-17-сола) имрӯз дар деҳаи Тюлячии Тотористон оғоз гардид, ширкат меварзанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа, ки то 16-уми декабр идома меёбад, варзишгарони Қазоқистон, Украина, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон, Сербия, Арманистон, Гурҷистон, Эрон ва дигар кишварҳои дунё низ иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, бо иштирок дар рақобатҳо паҳлавонони наврас натанҳо дастболо шудан бар ҳариф, балки ҳисси эҳтиром гузоштан ба ӯ ва фарҳангу анъанаҳои ин намояндаи ин халқро меомӯзанд.

«Мусобиқаи сатҳи байнулмилалӣ ҳамчунин ба гӯштигирони наврас имкон медиҳад, ки бо шаҳру кишварҳои нав ва ҳаёти мардуми он аз наздик ошноӣ пайдо кунанд», – омадааст дар хабари Кумитаи миллии олимпии кишвар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.