Интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон қариб ба сатҳи соли гузашта баробар аст

Дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан ба андозаи 1% коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумоти оморӣ дар бораи интиқоли маблағҳои фаромарзии Бонки марказии Русия, ки тариқи низоми интиқоли маблағҳо сурат гирифтаанд, давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон 3 млрд. 16 млн. доллари ИМА ворид шудааст. […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан ба андозаи 1% коҳиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти

оморӣ

дар бораи интиқоли маблағҳои фаромарзии Бонки марказии Русия, ки тариқи низоми интиқоли маблағҳо сурат гирифтаанд, давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон 3 млрд. 16 млн. доллари ИМА ворид шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта тавассути низоми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 3 млрд. 45 млн. доллари ИМА ворид гардида буд.

Аз рӯи ҳаҷми маблағҳои интиқолёфта аз Русия дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ, нисбат ба Тоҷикистон танҳо ба Ӯзбекистон бештар маблағ фиристода шудааст, ки он ба 4 млрд. 592 млн. доллари ИМА баробар шудааст. Коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз Русия ба кишвари ҳамсоя дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 8%-ро ташкил додааст. Давоми 9 моҳи соли гузашта аз Русия ба Ӯзбекистон 4 млрд. 909 млн. доллари ИМА ворид гардида буд.

Дар ҳамин ҳол, соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Украина ба таври назаррас (16%) коҳиш ёфтааст. Агар дар зарфи 9 моҳи соли гузашта тариқи низоми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Украина 2 млрд. 173 млн. доллари ИМА интиқол гардида буд, пас дар ҳамин давраи соли ҷорӣ он то 1 млрд. 802 млн. доллари ИМА коҳиш ёфтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки интиқоли маблағҳои пули мазкур аз Русия ба ин кишварҳо тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулии Anelik, BLIZKO, Contact, InterExpress, UNIStream, Western Union, Колибри, Быстрая Почта, Золотая Корона, ЛИДЕР ва Почта России анҷом дода шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.