Кормандони шуъбаи милисаи ноҳияи Ҷиргатол субҳи имрӯз «барои рӯшанӣ андохтан ба баъзе масъалаҳо» се нафар аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки ҳамчун вакилон ҷиҳати иштирок дар кори анҷумани пешазинтихоботии ҲНИТ ба пойтахт равона буданд, ба шуъбаи милиса оварданд.
Муовини раиси ҲНИТ, сардори ситоди пешазинитихоботии ҳизб Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баъди муроҷиати раҳбарияти ҳизб ба ВКД ва дастгоҳи иҷроияи президент, боздоштшудагон таҳти раҳбарии раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиргатол Қурбоналӣ Саидмуродов аз шуъбаи милиса ҷавоб дода шудаанд.
Маҳмадалии Ҳайит таъкид дошт, ки қаблан шомгоҳон 7 нафар вакилони анҷумани ХНИТ аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ якчанд соат дар бинои Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қарор доштаанд.



