Гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли СААД

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба омодагӣ ба иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки ба наздикӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор мегардад, баррасӣ шуд. Чунонки зикр гардид, дар ин ҳамоиш масоили […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба омодагӣ ба иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки ба наздикӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор мегардад, баррасӣ шуд.

Чунонки зикр гардид, дар ин ҳамоиш масоили ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ, ҳарбию иқтисодӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, баррасӣ мешаванд. Яке аз мавзӯъҳои асосӣ барои Тоҷикистон ва ҳамаи кишварҳои манфиатдор иҷрои қарор дар бораи расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон мебошад.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар ин ҳамоиш раисӣ дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон мегузарад.

«Мо ба таври кофӣ маҷмӯи васеи масоили марбут ба фаъолияти СААД дар самти таъмини амнияти кишварҳои аъзои Созмонро баррасӣ намудем», – гуфт аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид юо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дабири кулии СААД Николай Бордюжа.

Ба қавли ӯ, дар мулоқот ҳамаи масъалаҳое, ки ба баррасии сарони кишварҳои узви СААД пешниҳод мешаванд, баррасӣ шудаанд, ки тамоми ҷанбаҳои фаъолияти Созмонро дар бар мегиранд.

«Аз ҷумла сарони кишварҳо ҷараёни амалисозии қарор дар бораи расонилани кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуда, ғайр аз ин, табиист, ки ба масъалаи вазъи минбаъда дар паҳнои амали Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ, тадбирҳои кишварҳо дар ин самт ва муқовимат ба падидаҳои терроризм таваҷҷуҳ зоҳир гардид», – афзуд дабири кулли СААД.

Қобили зикр аст, ки айни замон давлатҳои Русия, Қазоқистон, Белорус, Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои СААД мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.