Абдуҷаббор Раҳмонов ёвари президент таъин шуд

Бо фармони президенти мамлакат ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, собиқ вазири маориф ва раиси Кумитаи давлатии телевизиону радио Абдуҷаббор Раҳмонов ёвари президент оид ба масъалахои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин карда шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад. А.Раҳмонов дар ин вазифа Саидмурод Фаттоҳзодаро иваз намуд, […]

ASIA-Plus



Бо фармони президенти мамлакат ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, собиқ вазири маориф ва раиси Кумитаи давлатии телевизиону радио Абдуҷаббор Раҳмонов ёвари президент оид ба масъалахои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин карда шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад.

А.Раҳмонов дар ин вазифа Саидмурод Фаттоҳзодаро иваз намуд, ки санаи 13-уми декабр муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Бо қарорҳои ҳукумат, Носир Салимов, ки  ба ҳайси директори Мусссисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» фаъолият дошт, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таъин гардид.

Бо амри президенти ҷумҳурӣ, вазифаи директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба дӯши доктори улуми филология Сайфиддин Назарзода вогузор шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.