«Сомон Эйр»: Дар фурсати наздиктарин ҳавопаймо ба Душанбе бармегардад

Дар фурудгоҳи Емеляновои шаҳри Крсаноярск ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» каме осеб дид. Дар иттилоияи имрӯз интишоршудаи ширкат дар ин робита зикр мегардад, ки ин ҳодиса соати 4-и субҳи рӯзи 14-уми декабр рух дода, яке аз дастгоҳҳои ҳавопаймои Боинг 737-300 баъди оромона фуруд омадан бар асари ба он наздик шудан (расидан)-и зинапоя барои фурудоии мусофирони фурудгоҳи […]

ASIA-Plus



Дар фурудгоҳи Емеляновои шаҳри Крсаноярск ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» каме осеб дид.

Дар иттилоияи имрӯз интишоршудаи ширкат дар ин робита зикр мегардад, ки ин ҳодиса

соати 4-и субҳи рӯзи 14-уми декабр

рух дода, яке аз дастгоҳҳои ҳавопаймои Боинг 737-300 баъди оромона фуруд омадан бар асари ба он наздик шудан (расидан)-и зинапоя барои фурудоии мусофирони фурудгоҳи «Емеляново» осеб дидааст.

«Барои ҳамлу нақли мусофирони ин хатсайр аз пойтахти Тоҷикистон ба Красноярск таъҷилан ҳавопаймои Боинг 737-800 ва муҳандиси ширкати «Сомон Эйр» бо таҷҳизоти зарурӣ сафарбар шуд. Айни замон дар фурудгоҳи «Емеляново» корҳои ивази дастгоҳи осебдида дар арафаи анҷомёбӣ буда, дар фурсати наздиктарин ҳавопаймо ба Душанбе бармегардад», – қайд мешавад дар иттилоияи ширкат.

Гуфта мешавад, айни замон ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.