Баррасии дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узви ИДМ дар Маскав

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ахири ҳафтаи сипаришуда дар кори ҷаласаи Шӯрои иқтисодиии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Маскав иштирок кард. Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, баррасии масъалаҳои умдаи вазъи кунунии иқтисоди кишварҳои узви Иттиҳод ва дурнамои рушди он дар меҳвари кори ҷаласа қарор дошт. Гуфта мешавад, раҳбарони вазорату идораҳои […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ахири ҳафтаи сипаришуда дар кори ҷаласаи Шӯрои иқтисодиии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Маскав иштирок кард.

Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, баррасии масъалаҳои умдаи вазъи кунунии иқтисоди кишварҳои узви Иттиҳод ва дурнамои рушди он дар меҳвари кори ҷаласа қарор дошт.

Гуфта мешавад, раҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисоди кишварҳои узви ИДМ доир ба таҳияи Нақшаи амалҳои муштарак барои ҳалли масъалаҳои молӣ ва иқтисодии рушди Иттиҳод ба мувофиқа расида, ҳамчунин маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои мутақобиларо баррасӣ намуданд.

Зикр мегардад, ки бо назардошти эроду тавсияҳои зимни ҷаласа гуфташуда, лоиҳаи аснод ба баррасии Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ пешниҳод мешаванд. Ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии кишварҳои узви ИДМ 13-уми марти соли оянда дар Маскав баргузор мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз маъмулан баргузории Форуми байнулмилалии иқтисодӣ низ дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.