Дар изҳороти Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ВМКБ, ки дар сомонаи «Ховар» нашр шудааст, зикр мегардад, ки 15-уми декабри соли ҷорӣ, соати 14-00, дар маҳаллаи «Бархоруғ» шаҳрванд Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқир бо чанд нафар гурӯҳи авбошон, бе иҷозати расмӣ ба объекти муҳими давлатӣ – шуъбаи дар шаҳри Хоруғ будаи Раёсати КДАМ ворид гашта, ба яке аз кормандони ин сохтор ҳуҷум кард ва бо истифода аз дастаи таппонча ӯро захмӣ намуд.
Гуфта мешавад, тавассути кормандони КДАМ ҶТ Муҳаммадбоқиров М. дастгир гардида, аз ӯ пистолети тамғаи «ПМ», берақам, бо 16 дона тир мусодира карда шуд.
«Баъди суҳбати профилактикии сесоата, М.Муҳаммадбоқиров бо таъкиди надоштани иҷозати тарки макони истиқомат озод карда шуд. Дар ин амалҳои ҷиноятӣ М.Муҳаммадбокировро як гурӯҳ ҷавонони шаҳри Хоруғ ҳамроҳӣ менамуданд. Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид ва тафтишот идома дорад», – омадааст дар изҳорот.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, собиқ фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ ва фармондеҳи Иттиҳодияи мухолифин дар Бадахшон дар маҳалли зисташ, дар маҳаллаи Хоруғи Боло боздошт шуд. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Муҳаммадбоқиров барои даст доштан дар ҳодисаи рухдода дар яке аз маҳаллаҳои маркази маъмурии ВМКБ – Хоруғи Боло, ки раҳбарияти КДАМ маросими ифтитоҳи шуъбаи кумитаро баргузор карданӣ буд, боздошт гардидааст. Хабаргузорӣ менависад, сокинони маҳаллӣ ба ин эътироз намуда, изҳор доштаанд, ки Хоруғ шаҳри бузург набуда, барои ифтитоҳи ин шуъба ҳеҷ зарурате нест ва пешниҳод кардаанд, ки бозгашти раиси вилоят Шодихон Ҷамшедовро, ки дар Душанбе аст, интизор шаванд.
М.Муҳаммадбоқиров яке аз собиқ фармондехони Иттиҳодияи мухолифин дар Бадахшон, полковники мустаъфии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аст. Пас аз оғози амалиёти соли 2012 дар Хоруғ, ки дар натиҷаи қатли генерал Абдулло Назаров доир гардид, номи ӯ дар расонаҳои хабарӣ пайдо шуд. Тибқи маълумоти гуногун, дар ин амалиёт то 70 кас ба ҳалокат расиданд.
Тобистони соли равон прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода изҳор карда буд, ки тафтиши рӯйдодҳо дар Хоруғ идома дорад ва афроди ба ҷиноятҳо дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Он замон ӯ зикр карда буд, ки Муҳаммадбоқиров бояд ба ҷавобгарӣ кашида шуда, барои амалҳои худ назди суд ҷавоб гӯяд. Қаблан Муҳаммадбоқиров дар даст доштан ба ташкили нооромиҳо дар Хоруғ гумонбар шуда, аз ҷониби кормандони прокуратура мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд.
Дар рӯйдодҳои 21-уми майи соли ҷорӣ дар Хоруғ дар натиҷаи тирпарронӣ дар маркази шаҳр чор нафар, аз ҷумла як корманди милиса ба ҳалокат расида, чанде аз биноҳои маъмурӣ оташ зада шуданд. Он замон барои таҳқиқи сабабҳои ин ҳодиса аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ комиссияи муштарак таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он Муҳаммадбоқиров низ шомил гардид.



