ҲНИТ имрӯз анҷумани пешазинтихоботӣ баргузор мекунад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз анҷумани пешазинтихоботии худро доир мекунад, ки дар он рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи моҳи марти соли оняда тасдиқ карда мешавад. Ба кори анҷуман ҳудуди 550 нафар вакилон аз саросари ҷумҳурӣ даъват шудаанд. Анҷуман соати 9-и субҳи имрӯз дар дафтари кории ҲНИТ дар пойтахт ба кор […]

Ҳумайро Бахтиёр



Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз анҷумани пешазинтихоботии худро доир мекунад, ки дар он рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи моҳи марти соли оняда тасдиқ карда мешавад.

Ба кори анҷуман ҳудуди 550 нафар вакилон аз саросари ҷумҳурӣ даъват шудаанд. Анҷуман соати 9-и субҳи имрӯз дар дафтари кории ҲНИТ дар пойтахт ба кор шурӯъ мекунад.

Сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳизб ба анҷуман намояндагони корпусҳои дипломатии мукими ҶТ, раисони аҳзоби сиёсӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, сохторҳои давлатӣ ва васоити ахбори умумро низ даъват намудааст.

Аввали моҳи ноябри соли равон ҲНИТ ба мақомоти шаҳрдории Душанбе ва дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бо мусоидат ба ҷудо кардани толор барои баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҳизб муроҷиат карда буд. Аз дастгоҳи иҷроияи президент посух дода буданд, ки ҷудо кардани толор дар пойтахт салоҳияти мақомоти шаҳр аст, вале то санаи баргузории анҷуман аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба дархост посух нарасид.

Санаи 12-уми декабр ҲНИТ

эълом дошт

, ки анҷумани пешазинтихоботии ҳизб дар дафтари кории ҲНИТ дар пойтахт доир мегардад.

Қабл аз ифтитоҳи кори анҷуман, шоми рӯзҳои 14 ва 15-уми декабр 10 нафар вакилони анҷумани ҲНИТ аз ҷониби кормандони милиса

боздошт шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.