АНМН: Пешгирии кӯшиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон

Шаби 14 ба 15 декабри соли ҷорӣ дар асоси хабари оперативӣ, кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Хатлон дар минтақаи сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур […]

ASIA-Plus



Шаби 14 ба 15 декабри соли ҷорӣ дар асоси хабари оперативӣ, кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Хатлон дар минтақаи сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид гардиданд. Ҳангоми аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дастгир намудан, онҳо муқобилияти мусаллаҳ нишон доданд, ки дар натиҷа як нафар қочоқчии афғон дастгир гардид. Қочоқчиёни боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба қаламрави Афғонистон фирор намуданд. Дар ҷои ҳодиса ду халта бо маводи нашъаовар ошкор гардид.

Гуфта мешавад, мутобиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи боздоштшуда гашиш буда, вазни он зиёда аз 23 килограммро ташкил менамояд.

Нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаҳои 200 қ. 4, 289 қ.2 ва 335 қ. 2 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон, “Қочоқ” ва “Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст”.

Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшуда ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.