Пешниҳоди БМТ барои муътадил нигаҳдории қурби сомонӣ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои дар сатҳи устувор нигаҳ доштани қурби арзи миллӣ – сомонӣ баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакатро зарур медонад. Дар посух ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» намояндагони БМТ дар ин робита изҳор намудаанд, ки «барои муътадил ва устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ дар баробари давом додани сиёсати имрӯзаи қурбӣ, андешидани чораҳои […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои дар сатҳи устувор нигаҳ доштани қурби арзи миллӣ – сомонӣ баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакатро зарур медонад.

Дар посух ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» намояндагони БМТ дар ин робита изҳор намудаанд, ки «барои муътадил ва устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ дар баробари давом додани сиёсати имрӯзаи қурбӣ, андешидани чораҳои дигар, аз қабили зиёд намудани истеҳсоли молҳои босифату дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобатпазир ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат зарур аст».

Ғайр аз ин, дар БМТ бар ин назаранд, ки  «зарур аст, ки дар сиёсати берунии иқтисодии кишвар, бахусус дар бахши ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар робита ба маҳдуд кардани воридоти молҳои хориҷие, ки дар дохили ҷумҳурӣ низ истеҳсол мешаванд, қарорҳои марбута қабул карда шаванд».

Дар ҳамин ҳол, коҳиши сомонӣ нисбат ба доллари амрикоиро дар БМТ ба омили беруна – буҳрони сиёсию иқтисодӣ, молиявию асъории ҷаҳонӣ ва бад шудани вазъи иқтисодию молиявии шарики асосии савдои хориҷии Тоҷикистон – Русия нисбат медиҳанд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, омили дигари коҳиши қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА афзоиши ҳаҷми воридоти маҳсулот ба кишвар аст.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон қурби арзи миллӣ – сомонӣ нисбати доллари ИМА тақрибан ба андозаи 9% коҳиш ёфт.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.