Боздошти беш аз 17 ҳазор нафар шахсони шубҳанок дар пойтахт дар соли равон



Дар зарфи 11 моҳи соли равонт аз тарафи бахши махсус ба шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 17 ҳазору 550 нафар шахсони шубҳанок барои муайян намудани шахсият ба шӯъба дастрас карда шудаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аз ҷумла, барои нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ – 386 нафар, барои майдаавбошӣ – 68 нафар, барои кашидани сигору нос дар ҷойҳои муқаррарнагардида – 439 нафар, дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ – 1 ҳазору 83 нафар, ва нисбати 1 ҳазору 926 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 706 нафар ба қабулгоҳ-тавилгоҳи гадоён ва оворагардон ва 230 нафар ба ҳушёрхонаи тиббӣ дастрас карда шуда, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида шудааст.

Дар маълумот зикр мегардад, ки аз тарафи кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ 986 ҳазору 350 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла барои идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 8 ҳазору 937, бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 32 ҳазору 534, ѓайриқонунӣ идора намудани воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳ – 1 ҳазору 109, бе рақами қайди давлатӣ – 6 ҳазору 447, рақамҳои бегона – 885, гузаштан ҳангоми ранги сурхи чароѓаки роҳнамо – 13 ҳазору 449, аз меъёр зиёд намудани суръати ҳаракат дар роҳ – 131 ҳазору 967, ба манфиати шахсӣ истифода бурдани нақлиёти давлатӣ – 451 ва 790 ҳазору 571 ҳолати дигар вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное