Нигаронии шаҳрдории пойтахт аз афзоиши бесобиқаи истифодаи нерӯи барқ

Чанде қабл таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки муовинони раиси пойтахт, раисони ноҳияҳо, роҳбарони шабакаҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе машварати корӣ доир гардид, ки дар он масоили марбут ба сарфаҷӯии нерӯи барқ дар пойтахт, ба сарчашмаҳои алтернативии таъмини нерӯи барқ гузаштани иншооти саноатии ҷудогона баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти […]

ASIA-Plus



Чанде қабл таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки муовинони раиси пойтахт, раисони ноҳияҳо, роҳбарони шабакаҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе машварати корӣ доир гардид, ки дар он масоили марбут ба сарфаҷӯии нерӯи барқ дар пойтахт, ба сарчашмаҳои алтернативии таъмини нерӯи барқ гузаштани иншооти саноатии ҷудогона баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид намудааст, ки баҳри коҳиш додани истифодабарии қувваи барқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки мутаассифона беш аз пеш ҳамарӯза аз меъёр зиёд гардида истодааст, бояд чораҳои мушаххас амалӣ шаванд, зеро нисбати 15-16 уми моҳи декабри соли 2013 дар 15-16 декабри соли равон  истифодабарии  шабонарӯзии қувваи барқ мутаносибан 18,9 ва 48,2 дар сад афзудааст, ки дар низоми маҳдудиятҳои интиқоли реҷавии барқ дар кишвар муросонопазир мебошад.

Гуфта мешавад, дар иртибот ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар намуд, ки тавассути роҳандозии корҳои васеи таблиғотӣ миёни сокинон ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ – муштариёни Шабакаҳои барқии  шаҳр, даъват карда шавад, ки бо дарки масъулият  нисбати истифодабарии нерӯи барқ муносибат намуда, беш аз ҳарвақта фарҳанги сарфаву сариштакорона истифода кардани онро дар коргоҳу ҷойи зист риоя созанд ва дар ин ҷода сохторҳои марбутаи соҳавиро вазифадор кард, ки тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Зимнан зикр мегардад, ки раиси шаҳр ҳамзамон сохторҳои назорати давлатӣ ва комиссияҳои ҷамъиятиро  муваззаф кард, ки бо роҳандозии рейдҳои муштараки доимӣ оид ба риояи ҳатмии ин муқаррарот аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ нисбати хилофрафторон тамоми тадбирҳои қатъии пешбининамудаи қонунгузориро татбиқ созанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.