Чор ҳодисаи сӯхтор дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз

Шабонарӯзи сипаришуда дар қаламрави Тоҷикистон чор ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, санаи 15-ум декабр  дар ҳуҷраи идораи кумитаи заминсозии шаҳри Чкалови вилояти Суғд дар масоҳати 12-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст, ки сабаби сар задани сӯхтор беназорат гузоштани гармкунаки барқӣ буда, зарари расонидашуда 1750-сомониро ташкил медиҳад. Гуфта […]

ASIA-Plus



Шабонарӯзи сипаришуда дар қаламрави Тоҷикистон чор ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, санаи 15-ум декабр  дар ҳуҷраи идораи кумитаи заминсозии шаҳри Чкалови вилояти Суғд дар масоҳати 12-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст, ки сабаби сар задани сӯхтор беназорат гузоштани гармкунаки барқӣ буда, зарари расонидашуда 1750-сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, худи ҳамин рӯз дар манзили сокини 32-солаи ноҳияи Ёвонд Амиров Саидаҳмад дар масоҳати 64 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст, ки дар натиҷа болопӯш ва 2 тонна алафи хушк сӯхта нобуд шудааст. Сӯхтор дар натиҷаи оташбозии кӯдакон сар зада, ҳаҷми зиёни расида аз он 5000 сомониро ташкил медиҳад.

Ба иттилои мнабаъ, инчунин, дар оғилхонаи шаҳрванд Зубайдов Нурулло соли таваллудаш 1960, истиқоматкунандаи ноҳияи Ховалинг, дар масоҳати 70 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омада, болопӯши оғилхона ва 1 тонна алафи хушк сӯхта нобуд шудааст. Зарари расонидашуда 2500-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор нодуруст истифода бурдани печкаи худсоз  мебошад.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин дар ин рӯз, дар ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Астанов Аҳрор соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Турсунзода дар масоҳати 72 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа болопӯши хона сӯхта нобуд шудааст. Зарари расонидашуда 5000-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор истифодаи нодурусти печкаи худсоз ва беэҳтиётии соҳибхоназан мебошад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.