Доғи судӣ доштан ё надоштани номзадҳо ба вакилӣ санҷида мешавад

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон(ҲИИТ) ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ рӯйхати номзадҳояшон ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз хавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявиро пешниҳод кардаанд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба рӯйхати ҲСТ ҳафт номзад ва ба рӯйхати […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон(ҲИИТ) ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ рӯйхати номзадҳояшон ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз хавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявиро пешниҳод кардаанд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба рӯйхати ҲСТ ҳафт номзад ва ба рӯйхати ҲИИТ шаш нафар номзадҳо шомил гардидаанд. «Интизорӣ дорем, ки имрӯз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ чунин рӯйхатҳои худро ба мо пешниҳод мекунанд», – иброз намояндаи КМИР.

Ба гуфтаи ӯ, шахсоне, ки ҳамчун номзад ба вакилӣ пешбарӣ шудаанд, аз рӯйи маълумотномаи ВКД Тоҷикистон оид ба доғи судӣ доштан ё надоштан, донистани забони тоҷикӣ санҷида шуда, уҳдадорнад, ки дар бораи вазъи солимӣ вад аромадҳояшон ба КМИР ҳуҷчатҳои дахлдор пешниҳод намоянд.

Зимнан зикр гардид, ки бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ 60 рӯз пештар аз интихобот оғоз гардида, 45 рӯз то интихобот ба итмом мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.